Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон бензин "камёб" ва гарон шуд


Дар Тоҷикистон қимати бензин ба таври ногаҳонӣ боло рафта ва дар нуктаҳои фурӯш ҳам камчин шудааст. Ба гуфтаи ронандагон, ҳоло қимати як литр бензини навъи 95 то ба 7 сомонӣ ё баробар ба якуним доллар расидааст. Як ронандаи таксӣ дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Тайи як ҳафтаи ахир нархи бензин аз 40 то 50 дирам боло рафт. Имрӯз мо ҳар литри онро ба 7 сомонӣ харидем.” Сабаби афзоиши қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистонро маҳдуд кардани содироти ду навъи бензин аз Русия медонанд, ки таъминкунандаи аслии бозори Тоҷикистон бо маводи сӯхт аст. Ва бино ба гузоришҳои дигар, бар асоси як қарори давлати Русия боҷи содиротӣ барои нафт ва маҳсулоти нафтӣ сар аз моҳи сентяър тақрибан якуним дар сад афзудааст. Ва зимнан ҳар сол моҳҳои сентябр ва октябр, ки мавсими кишту кор аст, тақозо ба қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон меафзояд ва қиматҳо низ боло мераванд.
XS
SM
MD
LG