Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо аз таҳдиди ҳамлаи террористӣ ба Амрико


Мақомоти ниҳодҳои муқобила бо терроризм дар Амрико мегӯянд, дар остонаи 10-умин солгарди ҳамлаҳои террористии 11 сентябр, гузоришҳои мӯътамад, вале таъйиндношудаи таҳдиди терористиро дарфёт кардаанд. Матт Чендлер, сухангӯи вазорати амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳида, гуфт, ин таҳдиди мушаххас буда ва набояд нодида гирифта шавад. Ба гуфтаи мақомоти Амрико, ҳадафи ҳамла Вашингтон ва Ню Йорк будааст. Тадобири амниятиро дар атрофи ин ду шаҳр дар остонаи рӯзи 11 сентябр тақвият бахшидаанд.
XS
SM
MD
LG