Пайвандҳои дастрасӣ

Мӯсавӣ аз ҳабси хонагӣ берун омад


Пас аз ҳафт моҳи ҳабси хонагӣ раҳбари мухолифони Эрон, Мирҳусейни Мӯсавӣ нахустин бор тавонист, аз фарзандонаш дидан кунад. Дар ин бора торнамои мухолифон “Калима” хабар додааст. Бо ишора ба интихоботи порлумони моҳи марти Эрон, Мӯсавӣ гуфт, бо назардошти вазъи феълӣ, гумон аст, ки имкони ширкати ӯ дар онҳо мавҷуд бошад. Аммо ӯ ҳамчунин афзуд, оянда ба назараш рӯшан меояд. Боздиди Мӯсавӣ аз наздиконаш дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ҳафтаи гузашта номзади пешини раёсатҷумҳурӣ, Маҳдии Каррубӣ инз имкон ёфт, ба аёдати пайвандонаш равад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG