Мусобиқаи қаҳрамонии тенниси Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии варзишгарони пойтахти кишвар поён ёфт. Дар сабқати инфиродии мардон дар сабқати ниҳоӣ Дилшод Шарифӣ бар Аҳмадҷони Муҳаммад бо натиҷаи 6:3, 6:0 пирӯз шуд. Дар сабқати занон Сарвинози Саидмуҳаммад дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Нина Турсунова бо натиҷаи 6:0, 6:4 ғолиб омад. Дар сабқати ҷуфти мардона Дилшод Шарифӣ/Эраҷ Бафоев ва дар сабқати ҷуфти занона Нодира Муллоҷонова /Меҳрангез Сатторова ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.