Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳияи ғамангез дар рӯзҳои иди истиқлолият


Зулфиқори Исмоилиён, корманди Радиои Озодӣ
Зулфиқори Исмоилиён, корманди Радиои Озодӣ

На ҳама аз иди истиқлолият таҷлил мекунанд ва на ҳама шодии беш аз ҳадди ин рӯзҳоро қабул доранд.

Вақте аз телевизион шӯру ҳамҳамаи ҷашни бошукӯҳ – 20-умин солгарди истиқлол ба атроф паҳн мешавад ё бар фарози шаҳр мушакҳои раноранг парвоз мекунанду садои мусиқии шод меояд, Қурбонгулро ҳасрати беохир фаро мегирад. Вай мехоҳад, ҳамроҳи ҳама шодӣ кунад, аммо рақсидан бо дили пур аз ғам мушкил аст.

Сокини Кӯлоб, Қурбонгул Қосимова, муттаасиф аст, ки дар чунин рӯз давлат ба чӣ қимате ба даст омадани истиқлол ва хотираи қурбониёни онро фаромӯш кардааст. Вай мегӯяд, «додари азизам Хуршед Қосимовро аз даст додам. Ҳоло чор фарзанди вай бузург шудаанд, маълумоти олӣ гирифтаанд, хонадор шудаанд вале сад афсӯс додари ман бо мо нест. Ман аз он афсӯс мехӯрам, ки на танҳо фарзандони додари ман, балки даҳҳо нафар қурбониён аз ёди давлат рафтаанд ва худи онҳо низ фаромӯш шудаанд. Ман аз он афсӯс мехӯрам, ки замони ҳозираро ситоиш мекунанду гузаштаро аз ёд бурдаанд. Ман аз он афсӯс мехӯрам, ки фарзандони мо маълумоти олӣ мегиранду ҷои кор пайдо намекунанд.»

Қурбонгул Қосимова, ҳоло сарвари бунёди «Наҷоти кӯдак" аст ва ба даҳҳо кӯдакони бепарастор ва аз хонаводаҳои камбизоат кӯмак мекунад. Чӣ боис шуд, ки хонум Қосимова ба бунёди ин фонд даст зад? Ба гуфтаи вай, соли 1994 президент Раҳмон дар Кӯлоб дар ҷаласае ширкат дошт ва вай аз ҷой бархост ва гуфт: "Куҷост шавҳар ва фарзандони мо ва фарзандони онҳоро кӣ нигоҳубин мекунад?». Ин буд, ки хонум Қосимоваро аз толори маҷлис берун карданд ва ҳамон рӯз аз мансаби давлатӣ низ маҳрум шуд. Маҳз чунин амал ӯро водор кард, то ба таъсиси фонди иҷтимоии «Наҷоти кӯдакон» дар ин минтақаи Тоҷикистон иқдом кунад.

Хонум Қосимова ният дорад, ки як бори дигар бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯ ба рӯ шавад. Ҳарчанд ба таъкиди вай президент Раҳмон борҳо ба Кӯлоб сафари корӣ дошт, вале ӯро ба ин мулоқотҳо роҳ надоданд. Хонум Қосимова мегӯяд, ки қасд дорад, то ба президент бигӯяд, ки созмонҳои ғайридавлатӣ низ дар рушди ҷумҳурӣ ва тарбияи кӯдакон саҳми зиёд доранд ва чаро раиси ҷумҳур бо раҳбарони ин созмонҳо мулоқот ва хидмати онҳоро қадр намекунад.

Ин буд гилаи як зан, як шаҳрванд, ки дар ду замон -- даврони шӯравӣ ва истиқлол ба сар мебарад. Аммо ҳамнасаби ӯ дар Душанбе -- Лилия Қосимова, зодаи даврони истиқлол аст, ки ба қавли худаш, ҳавсалаи таҷлил аз истиқлолро надорад. Вай афзуд, «ман табъи хуши идона надорам. Бароям фарқе надорад, рӯзҳои одӣ ва ҷашнӣ. Ман дар ташвиши рӯзгор ҳастам. Дипломи донишгоҳро гирифтам, вале ҷойи кор пайдо накардам. Ман бетафовутам ба парчами баланди ҷумҳурие, ки ҷавононаш бо ҳар роҳу восита, талош мекунанд аз ин ҷумҳурӣ ба хориҷа раванд. Дар ин ҷумҳурӣ, ки ғарқи фасоду ҷурабозӣ аст, ҳама иқдому талош бефоида аст.»

Ба эътиқоди Лилия, ҷавонони Тоҷикистон пас аз хатми донишгоҳ барои мардикорӣ ба Русия мераванд. Дар ҳоле, ки давлате талош мекунад, истиқлолро бошукӯҳтар аз дигар кишварҳо ҷашн бигирад, сараввал бояд мардумаш, ба хусус ҷавононро бо кор таъмин кунад.

На танҳо ин ду бонуи ҳамнасаб, балки чанде аз дигарон низ мегӯянд, ҷашни истиқлолият замоне ба иди онҳо низ табдил хоҳад ёфт, ки меваи ширини онро бичашанд ва зиндагии роҳату озод дошта бошанд.
Ба эътиқоди Муҳайёи Музаффар, донишҷӯ аз шаҳри Душанбе бо вуҷуде, ки давлат барои таҷлил даҳҳо миллион доллар пули будҷаро сарф мекунад, ба илова як моҳ аст, ки донишҷӯён, хонандагон ва омӯзгорон аз кори воқеии худ монда, вақти қимати худро ба ҷашн дареғ медоранд. "Ман як моҳ аст, ки бо хоҳиши муаллимаам, ки ҳукумати маҳаллӣ аз ӯ талаб кардааст, саҳнаи арӯсу домодро машқ мекунам. Ба назари ман, ҷашну идҳо хубанд, мардум хушҳолӣ мекунанд, вале сарфаҳм намераванд, ки ин ҳама заҳмату ташвиш харҷи маблағ ба кӣ даркор?!"

Таваҷҷӯҳ ба сарнавишти одамони одӣ ва фикру андешаи онҳо нишон медиҳад, ки муносибат ба иди истиқлолият дар 20-умин солгарди он ба иллати бидуни ҳал мондани мушкилоти иҷтимоии онҳо ва нигарониҳояшон аз оянда яксон нест ва канораҷӯиву бетаваҷҷӯҳӣ низ бахше аз рӯҳияи рӯзҳои идро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG