Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон чор қочоқчиро эъдом карданд


Iran-- an Unknown prison in Iran.
Iran-- an Unknown prison in Iran.
Эрон чор фарди муттаҳам бо қочоқи маводи мухаддирро дар маҳбаси шаҳри ҷанубии Кирмон ба дор овехт. Ин хабарро имрӯз рӯзномаи “Шарқ” ба табъ расондааст. Хабаргузории Франс пресс бо такя ба гузоришҳо дар расонаҳо ва изҳороти мақомоти эронӣ навиштааст, ки дар давоми соли равон дар ҷумҳурии исломӣ камаш 184 нафар эъдом шудаанд. Бино ба маълумоти расонаҳо соли гузашта дар Эрон 179 нафар эъдом шуда буданд. Вале созмонҳои дидбони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар Эрон шумораи воқеии эъдомшудагон бештар аст ва соли 2010-ум фақат дар Чин шумораи эъдомшудагон бузургтар будааст. Мақомоти Теҳрон мегӯянд, ҳукми эъдом ба хотири ҳифзи назму субот зарур буда, танҳо пас аз муҳокимаи тӯлониву муфассал қабул мешавад. Дар Эрон мусъулони куштори инсон, таҷовуз ба номус, ғорати мусаллаҳона, қочоқи маводи мухаддир ва зинокорӣ ба эъдом маҳкум мешаванд.
XS
SM
MD
LG