Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи Сербистон аз ҳамкорӣ бо кишварҳои ғайримуттааҳид


Борис Тадич, раиси ҷумҳури Сербистон, мегӯяд, кишвараш қасд дорад, муносиботи сиёсиву иқтисодиро бо аъзои Ҳаракати кишварҳои ғайримутааҳид тақвият бахшад, ки аз замони таъсиси он 50 сол сипарӣ шуд. Борис Тадич, дар ин бора дар ҳузури намояндагони 100 кишвари узв, ки дар Белград ҷамъ омадаанд, сухан гуфт. Нахустин нишасти аъзои ин ҳаракат соли 1961 дар ҳамин шаҳр баргузор шудааст. Борис Тадич гуфт, “ба манфиати миллии Сербистон аст, ки рафоқати таърихиеро, даҳсолаҳо пеш кишта шудааст, амиқтар ва эҳё кунад.” Аъзои ин ҳаракат на тарафдори Амрико ва на тарафдори Иттиҳоди Шӯравӣ буданд.
XS
SM
MD
LG