Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои гузор аз Бенғозӣ ба Троблус мекӯчад


Мустафо Абдулҷалил
Мустафо Абдулҷалил
Раҳбарони чирикиҳои Либия қасд доранд, ҳафтаи оянда аз Бенғозӣ ба Троблус бикӯчанд. Мустафо Абдулҷалил, раиси Шӯрои миллии гузор дар Бенғозӣ – пойгоҳи асосии чирикиҳо тайи ним соли набард алайҳи режими 42-солаи Муаммар Қаззофӣ – гуфт: “Бо хости Оллоҳи таъоло, мо ҳафтаи оянда азми Троблус мекунем. Аммо мо аз мардуми Бенғозӣ, чирикиҳои Бенғозӣ ва майдони Озодии Бенғозӣ барои мизбонии хабарнигорони хориҷӣ ва нақше, ки дар пирӯзии мо доранд, бояд ҳамеша сипосгузор бошем.”
Раҳбарияти муввақати Либия ваъда додааст, ки то 20 моҳи дигар интихоби раиси ҷадиди ин ҷумҳуриро барпо хоҳад кард. Рӯзи ҷумъа раҳбарони ҷаҳон дар Порис ҷиҳати ба Шӯрои гузор супурдани 15 миллиард доллар пулҳои мунҷамидшудаи Либия тавофуқ карданд.
Аммо Қаззофӣ гуфтааст, бо ҳукумати нав то охир хоҳад ҷангид.
XS
SM
MD
LG