Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди як чиноиро ҳукумати Исландия баррасӣ мекунад


Як сармоядори чиноӣ хостори ба ивази 100 миллион доллар харидани қитъаи замин дар Исландия шудааст. Хуан Нубо гуфтааст, ки мехоҳад дар он ҷо фароғатгоҳи бошукӯҳе бунёд кунад.

Бар пояи қавонини Исландия, фурӯши қитъаи замин ба афроде, ки шаҳрванди Аврупо нестанд, мамнӯъ аст, аз ин рӯ, ба навиштаи хабаргузории Франс-Пресс, дархости сармоядори чиноӣ дар нишасти ҳукумати Исландия баррасӣ хоҳад шуд.

Андозаи қитъаи замине, ки Хуан Нубо хостори харидорияш шудааст, 300 километри мураббаъ аст ва он дар шимолу шарқи ҷазира ҷойгир шудааст.
XS
SM
MD
LG