Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ва Зардорӣ вориди Душанбе шуданд


Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай
Шоми дирӯз барои ширкат дар нишасти чаҳоргонаи Тоҷикистон, Русия, Покистон ва Афғонистон Ҳомид Карзай ва Осеф Алӣ Зардорӣ вориди шаҳри Душанбе шуданд. Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони ин кишварҳои ҳамсоя мулоқот кард.

Имрӯз сафари расмии Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, ба Тоҷикистон низ шурӯъ мешавад. Дмитрий Медведев ҳамчунин дар нишасти Шӯрои сарони давлатҳои узви Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд ё СНГ ширкат хоҳад кард.

Бар пояи иттилоъи расмӣ, қарор аст, ки дар ин нишаст тарҳи ёздаҳ санад баҳсу баррасӣ шавад, ки муҳимтарини онҳо Изҳороти сарони кишварҳои узв дар бораи 20-солагии Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд ва гузориши таҳлилии “Натоиҷи фаъолияти СНГ дар 20 сол ва дурнамои ин ниҳод” хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG