Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Порис фардои Либия баррасӣ мешавад


Макони будубоши Қаззофӣ маълум нест
Макони будубоши Қаззофӣ маълум нест
Имрӯз дар Порис конфаронси байнулмилалӣ бахшида ба фардои Либия баргузор мешавад.

Қарор аст, ки дар он Дабири кулли СММ Бан Ки Мун, ҳайатҳои созмонҳои байнулмилалӣ ва 60 кишвари олам, аз ҷумла, сарони Фаронсаву Бритониё ва вазири умури хориҷии Амрико ширкат кунанд.

Дар нишаст намояндагони Шӯрои милли гузори Либия, ниҳоди расмии ошӯбгарон, низ ҳузур хоҳанд дошт.

Мавзӯъи аслии конфаронс – кӯмаки ҷомеъаи байнулмилалӣ ба Либия баъд аз суқути Муаммар Қаззофӣ ва дубора фаъол шудани ҳисобҳои бонкии ҳукумати Либия дар кишварҳои ғарбӣ эълон шудааст.

Дар ҳамин ҳол ошӯбгарони Либия собиқ вазири умури хориҷии кишвар Абдулотӣ ал-Убайдиро дастгир карданд. Хабаргузории Рейтер бо такя ба шоҳидон навиштааст, ки ал-Убайдӣ дар манзили худ воқеъ дар ғарби Троблус боздошт шуд.

Макони буду боши раҳбари суқуткардаи Либия Муаммар Қаззофӣ то ҳол маълум нест. Нерӯҳои вафодор ба ӯ чун пештара шаҳри Сирт, воқеъ дар соҳили баҳри Миёназаминро,таҳти назорат доранд. Сайфулислом, яке аз писарони Қаззофӣ дар паёме аз тариқи як шабакаи телевизионии арабӣ изҳор намуд, ки афроди вафодор ба Қаззофӣ таслим шуданӣ нестанд ва муборизаро бо ошӯбгарон идома медиҳанд.

Имрӯз ошӯбгарон хабари музокироташон бо дигар писари Қаззофӣ – Саъдӣ дар мавриди хатми хунрезиро тасдиқ карданд.
XS
SM
MD
LG