Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни қазияи додгоҳии як мудофеъи ҳуқуқ дар Қазоқистон


Додгоҳи Қазоқистон иттиҳом алайҳи Олима Абдурова як мудофеъи ҳуқуқи инсон ва хабарнигори Радиои Озодиро беасос донист. Мудири собиқи як мактаби махсус барои кӯдакон дар вилояти Ақтуба, хабарнигорро дар паст задани шаъну эътибори худ муттаҳам мекард. Олима Абдурова дар гузорише навишта буд, ки дар он мактаб ҳуқуқи кӯдакон помол мешавад. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, додгоҳ гуфтааст, ки иттиҳомот алайҳи Олима Абдурова собит нашуд. Ирина Домбровская аз додгоҳ хоста буд, аз ҳомии ҳуқуқ ба ҳайси ҷуброни маънавӣ 34 ҳазор доллар биситонад.
XS
SM
MD
LG