Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузорӣ дар Грознӣ, дар иди Рамазон


9 нафар дар таркишҳои худкушона дар пойтахти Чеченистон ба ҳалокат расида, зиёда аз 20 тан захмӣ шуданд.

Иди фитри имсола дар ҷумҳурии Чеченистони Русия бо силсилаи бомбгузориҳои маргталабона дар пойтахти он шаҳри Грознӣ дар ёд хоҳад монд. Аксари қурбониҳои бомбгузориҳо афсарони полис мебошанд.

Хабаргузориҳои Русия таъкид мекунанд, ки бомбгузори маргталаб маводи таркандаро замоне мунфаҷир кард, ки дар 50-метрии бинои парламенти Чеченистон афсарони полис бо ҳадафи боздошт ӯро иҳота карда буданд. Ду таркиши баъдӣ бошад, замоне ба вуқӯъ пайвастанд, ки афсарони полису раҳгузарҳо дар макони таркиши аввал ҷамъ шуданд.

Нӯҳ куштаи таркишҳои Грознӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00
Линки мустақим



Раҳбари рӯ ба Маскави Чеченистон Рамазон Қодиров масъулони бомбгузориро роҳзан номид: “Имрӯз рӯзи муқаддас, рӯзи барои мусулмонон шариф аст. Аммо онҳо ба мо фоҷеа оварданд.”

Ба қавли Қодиров гурӯҳи таҳти сарварии Доку Умаров масъули ин бомбгузориҳо мебошад. Умаров, ки дар пайгарди мақомоти Русия қарор дорад, худро амири Аморати Қафқоз номида, баҳри ташкили як давлати исломӣ дар қаламрави Қафқоз мубориза мебарад.

Умаров масъулияти фармоиши бомбгузории моҳи январи соли гузашта дар фурӯдгоҳи Домодедовои шаҳри Маскавро, ки ҳаёти камаш 36 нафарро аз байн бурд, низ бар дӯш гирифтааст. Дар он ҳодиса камаш 180 каси дигар маҷрӯҳ шуда буд.

Ҳамчунон Умаров бомбгузории метрои Маскав дар моҳи марти соли 2010-умро низ бар ӯҳда гирифтааст. Дар он ҳодиса 39 кас куштаву даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Русия Умаров ва тарафдорони ӯро масъули бомбгузории қатори роҳи оҳани Маскав-Санкт-Петербург унвон додаанд. Он замон 26 нафар ба ҳалокат расида буд.

Дар паи бомбгузориҳои рӯзи сешанбе Қодиров ҷаласаи изтирории ҳукумати Чеченистонро доир намуд.

Мақомоти Русия аз соли 1991 ба ин тараф дар Шимоли қафқоз амалиёти низомӣ пеш мебаранд. Бори аввал артиши Русия аз соли 1994 то соли 1996 бар зидди ҷудоихоҳони чечен амалиёти низомӣ раҳандозӣ намуд.
Сипас дар соли 1999 ҷанги дуюми Чеченистон оғоз ёфт. Маҳз ҳамон вақт эҳсоси исломӣ тавсеа ёфта, ҷудоихоҳон таъсиси давлати исломиро ҳадафи худ эълон карданд.

Ҷанги дуюми Чеченистон дар соли 2000-ум анҷом ёфт. Вале беш аз даҳ сол инҷониб дар Шимоли қафқоз муқовимат ба Маскав идома дорад. Моҳи октябри солт гузашта як гурӯҳи хурди силоҳбадастон болои парламенти Чеченистон ҳамла карда, ҳадди ақалл се нафарро ба ҳалокат расонданд. Моҳи август ҷангҷӯё болои яке аз деҳоти Чеченистон, ки зодгоҳи Қодиров мебошад, ҳамлаи васеъмиқёс ташкил карда буданд.
XS
SM
MD
LG