Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи интихоботӣ ба Думаи давлатӣ шурӯъ шуд


Дмитрий Медведев амр дар бораи рӯзи 4 декабри соли 2011 баргузор намудани интихоботи парлумониро имзо мекунад
Дмитрий Медведев амр дар бораи рӯзи 4 декабри соли 2011 баргузор намудани интихоботи парлумониро имзо мекунад
Шурӯъ аз имрӯз дар Русия расман маъракаи интихобот ба Думаи давлатӣ шурӯъ шуд. Амри раисиҷумҳур Дмитрий Медведев дар бораи рӯзи 4 декабри соли равон баргузор намудани интихоботи парлумонӣ дар нашрияи расмии “Российская газета” чоп шуд.

Дар интихобот фақат ҳафт ҳизби расман сабтиномшуда ширкат хоҳанд кард.

Моҳҳои ахир вазорати адлияи Русия аз сабти номи чанд ҳизби мухолифи ҳукумат сарпечӣ намуд.

Дирӯз дар канори бинои Комиссиюни марказии интихоботии Русия чанд нафар ширкаткунандагони маъракаи зидди тақаллуб дар интихобот боздошт шуданд. Онҳо талаб доранд, ки интихобот ба Думаи давлатӣ лағв карда шавад.
XS
SM
MD
LG