Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатори нави босуръат Тошканду Самарқандро мепайвандад


Ширкати роҳи оҳани Ӯзбакистон имрӯз дар масири Тошканд-Самарқанд ҳаракати қатори босуръати навро ба роҳ андохт. Сайти интернетии fergana.ru менависад, ки қатори нав дар як соат тавони убури 250 километр роҳро дошта, масофаи миёни Тошканду Самарқандро дар ду соат сипарӣ мекунад. Қаторҳои маъмулӣ ин роҳро то имрӯз дар давоми чор то панҷ соат убур мекарданд. Бар тибқи баъзе хабарҳо, қимати роҳи оҳани нав 170 миллион доллар ҳисоб шудааст.
XS
SM
MD
LG