Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиёни Либия: "Миқроҳӣ истирдод намешавад"


Миқроҳӣ дар беморхонаи Троблус, сентябри соли 2009
Миқроҳӣ дар беморхонаи Троблус, сентябри соли 2009
Шӯришиёни Либия гуфтанд, ки Абдулбасит Миқроҳӣ, марди гунаҳгор дар бомбгузории соли 1988-и Локкербӣ истирдод нахоҳад шуд. Вазили адлияи шӯрои миллии гузори шӯришиён гуфт, ки “Миқроҳӣ аллакай як дафъа муҳокима ва маҳкум шуда бори дигар набояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад”. Вазир Муҳаммад Алақӣ гуфт:

“Мо ҳеҷ як шаҳрванди Либияро ба ғарб таслим намекунем. Аз ҳар ҷиҳати қонунӣ Абдулбасит Миқроҳӣ аллакай як дафъа муҳокима шуд ва бори дигар ба додгоҳ нахоҳад рафт. Талабҳои созмонҳои ҷамъиятӣ, ки аслан аз ҳукумат барнамеоянд, маъно надоранд. Мо ҳеҷ як шаҳрванди Либияро намедиҳем, ин Қаззофӣ буд, ки либиягиҳоро таслим мекард”.

Як хабарнигори шабакаи CNN гуфт, ки Миқроҳиро дар Триполӣ дар як ҳолати сангини пеш аз марг дидааст. Миқроҳӣ, ки дучори саратон аст, ҳашт соли умрашро барои бомгузорӣ кардани ҳавопаймое бо 270 мусофир дар зиндони Шотландия сипарӣ кард. Ӯ соли 2009 бо тақозои табибон озод шуд. Онҳо гуфтанд, ӯ дар дами марг аст.
XS
SM
MD
LG