Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия пешниҳоди Иттиҳодияи арабро напазируфт


Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия
Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия

Давлати Сурия баёнияи Иттиҳодияи арабро, ки хостори поёни хунрезӣ дар ин кишвар шудааст, рад кард.

Вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи араб дар нишасти ахири худ, ки шоми шанбе баргузор шуд, дар баёнияе хоҳони тавқифи хунрезӣ дар Сурия шуданд.

Ба гуфтаи созмонҳои ҳуқуқи башар то кунун ҳосили саркӯби этирозҳои мардум дар Сурия ба василаи артиш ва нерӯҳои амниятӣ беш аз 2 ҳазору 200 кушта, садҳо захмӣ ва ҳазорон зиндонӣ будааст.

Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи араб ҳамчунин бар сари ирсоли дабири кулли ин иттиҳодия ба Димишқ тавофуқ кардаанд. Бино бар ин тавофуқ, дабири кулли Иттиҳодияи араб ба манзури ташвиқи мақомҳои Сурия барои иҷрои ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ ва ҳамчунин ироаи тарҳе аз сӯи иттиҳодия барои поёни бӯҳрони ин кишвар ба Димишқ хоҳад рафт.

Ба гузориши шабакаи хабарии "Ал-арабия", намояндагии Сурия дар Иттиҳодияи араб бо ирсоли факс ба тамоми намояндагиҳои кишварҳои арабӣ дар Қоҳира эълом кардааст, ки Димшқ баёнияи Иттиҳодияи арабро "содирнашуда" медонад.

Ин дар ҳолест, ки дар баёнияи вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи араб омадааст: "Мо нигаронии худро нисбат ба он чи дар саҳнаи Сурия, таҳаввулоти хатарноке, ки ин кишварро шоҳид аст ва куштаву захмӣ шудани ҳазорон нафар аз фарзандони миллати Сурия эълон медорем."

Онҳо ҳамчунин хостори эҳтиром ба ҳаққи миллати Сурия дар зиндагии бокаромат ва ҳаракат ба самти ислоҳоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG