Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Либия: "Ё пирӯзӣ, ё шаҳодат"


Муаммар Қаззофӣ
Муаммар Қаззофӣ

Ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ бори дигар тарафдоронашро ба муқовимат алайҳи чирикиҳо даъват кард.

Дар паёми кӯтоҳи сабтшудае, ки як телевизиони содиқ ба режими ӯ нашр кард, Қаззофӣ аз тарафдоронаш хостааст, ба по бихезанд ва Троблусро "аз каламушҳову салибдорон ва кофирон пок кунанд."
Раҳбари чирикиҳо Мустафо Абдулҷалил гуфт, тайи ним соли набард алайҳи режими Муаммар Қаззофӣ ҳудуди 20 000 нафар кушта шудаанд...


Қаззофӣ дигарбора қабоили Либияро ба Троблус хонд ва гуфт, имомон бояд дар масоҷид ҷавононро ба "ҷиҳод" даъват кунанд, чунки ба таъбири ӯ, "давраи пирӯзӣ ё шаҳодат" фаро расидааст. Куҷо шудани Қаззофӣ пас аз тасарруфи қароргоҳаш дар Бобулазизияи Троблус номаълум боқӣ мемонад.

Шоеъоте вуҷуд дошт, ки ӯву аҳли хонаводааш шояд дар маҳаллаи Абӯсалим – яке аз минтақаҳои ангуштшумори ҳамчунон таҳти назорати нурӯҳои ӯ дар пойтахти Либия - паноҳ бурда бошанд. Чирикиҳо акнун ба тасарруфи Абӯсалим азм кардаанд.

Дирӯз дар Абӯсалим даргириҳои сангин идома дошт ва Ассошиэйтед Пресс мегӯяд, тақрибан 1000 чирикӣ дирӯз чанд паноҳгоҳи эҳтимолии нирӯҳои содиқ ба Қаззофиро дар ин маҳалла иҳота гирифта, аз силоҳҳои сақил оташ кушодаанд. Ассошиэйтед Пресс ҳамчунин хабар дод, ки сухангӯи давлати Қаззофӣ Мӯсо Иброҳим бо ин хабаргузорӣ занг зада гуфтааст, ки Қаззофӣ дар амн буда, дар канори мушовирони аршади низомиву сиёсиаш "ба набард барои озодӣ раҳбарӣ мекунад."

Ҷашни пирӯзии шӯришиёни Либия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:19 0:00
Линки мустақим


Хабарнигори Радиои Озодӣ Ҷеймс Кирчик аз Троблус гузориш медиҳад, ки дирӯз ҳам ба хотири муқобила бо нерӯҳои боқимондаи режим ва ба даст овардани мурда ё зиндаи Қаззофӣ фавҷи нирӯҳои тозаи чирикиҳо ба пойтахти Либия рехт: "Авзоъ каме танишолуда боқӣ мемонад. Дар саросари шаҳр посгоҳҳои бешуморест, ки чирикиҳо назорат мекунанд. Мо имрӯз аз маҳалли қароргоҳи Қаззофӣ гузаштем. Дарвозаҳояш боз буд ва мардум аз он даруну берун мешуданд. Тамоми манораҳои амниятӣ холӣ буд. Бархе деворҳо тахриб шудааст. Маҳаллаи баъдӣ, дар пиромуни боғи ҳайвонот, ба урдугоҳи тарафдорони Қаззофӣ мемонд ва моломоли аксҳои ӯ буд. Инҷоро комилан тахриб кардаанд. Хаймаҳоро кандаанд ва ҳама ҷо пур аз ахлот буд. Мо дар роҳ нирӯҳои ҷадидро дидем. Мо як корвони иборат аз тақрибан 12 мошини муҷаҳҳаз бо тӯпхонаҳо ва пур аз чирикиҳоро дар наздикии боғи ҳайвонот дидем."

Ду рӯз пеш раҳбари Шӯрои миллии гузор Мустафо Абдулҷалил эълон кард, ки дар баҳои сари Қаззофӣ 1 миллиону 700 ҳазор доллар ҷоиза таъйин шудааст. Ӯ ҳамчунин ваъда дод, ки агар нафаре аз атрофиёни Қаззофӣ ӯро бикушад ваё бисупорад, афв низ хоҳад шуд.

Бо ин ҳол, вазири дифоъи Бритониё Лям Фокс гуфтааст, ки НАТО ба мухолифин дар ҷустуҷӯи Қаззофӣ низ мусоидат хоҳад кард ва аз ҷумла тавассути ироаи таҷҳизоти таъқиботиву иктишофӣ. Аммо Пентагон гуфта, ки низомиҳои Амрико дар шикори Қаззофӣ ширкат надоранд, чунки вазифаи эътилоф дифоъ аз мардуми мулкист, на таъқиби афроди алоҳида.

Раҳбари чирикиҳо Мустафо Абдулҷалил гуфт, тайи ним соли набард алайҳи режими Муаммар Қаззофӣ ҳудуди 20 000 нафар кушта шудаанд. Аммо таъйид ё такзиби ин иддао аз сӯи манобеъи дигар ҳанӯз муяссар нашудааст.

Абдулҷалил ҳамчунин хабар дод, ки бо вуҷуди идомаи набардҳо шуморе аз аъзои Шӯрои миллии гузор алакай аз Бенғозӣ ба Троблус кӯчидаанд: "Як ҳайъат алакай ду рӯз пеш ба Троблус рафт ва рӯзи ҷумъа боз 6 узви дигари Шӯрои миллӣ ба онҳо хоҳанд пайваст." Ва зоҳиран Сирт ба як ҷабҳаи дигари набардҳои сангин табдил меёбад. Сирт, воқеъ дар тақрибан 360-километрии шарқи Троблус, зодгоҳи Қаззофӣ ва яке аз умдатарин пойгоҳҳои боқимондаи қабоил ва нирӯҳои содиқ ба ӯст.
XS
SM
MD
LG