Вале баъд аз ҳукумати Муаммар Қаззофӣ, Шӯрои миллии гузори саросема ташкилдода дарк мекунад, ки қарорҳои фаврии сиёсие бояд қабул кунад. Бо вуҷуди ҳимояти НАТО аз Шӯрои миллии гузор, бидуни шак кишварҳои ғарбӣ аз тавони мудирияти он дар Либия шубҳа доранд.
Шӯрои гузорро 38 кишвари ҷаҳон ба ҳайси намояндаи машрӯъи мардуми Либия эътироф кардаанд, вале шӯрои мазкур баъд аз барканории раиси ҳукумати он аз тарафи раҳбараш Мустафо Абдулҷалил, дар рӯзи 8-уми август ҳанӯз ҳукумат ташкил надодааст.
Шӯрои гузори Либияро барои ихтилофоти назари аъзои он ва ҷабҳагирии аъзои он бисёр танқид кардаанд ва пажӯҳиши бенатиҷаи марги Абдул Фаттоҳ Юнус, фармондеҳи шӯришиёнро яке аз нокомиҳои он медонанд. Ҳатто агар мухолифони давлати Қаззофӣ муттаҳид ҳам бошанд, дурнамои рушди демократияро дар Либия пешбинӣ кардан осон нест, чун Қаззофӣ тайи 43 сол тавре ҳукумат меронд, ки худаш гӯиё давлат буд.
Эҳтимолан ин масъаларо Маҳмуд Накъа, кафили сафири Либия дар Бритониё дар назар дошт, ки зимни сӯҳбат бо хабарнигорон ваъда дод, ки дар кишвараш озодӣ ва демократия барқарор хоҳад шуд: "Мо мекӯшем, то як кишвари демократӣ бунёд кунем. Мо қонуни асосӣ хоҳем дошт. Мо дар тамоми гӯшаҳои кишвар ва арсаҳои фаъолият озодӣ хоҳем дошт."
Ӯ афзуд, дар Либия халои қудрат ба вуҷуд нахоҳад омад, зеро мухолифон қароргоҳи худро аз шаҳри Бенғозӣ фавран ба пойтахт - Троблус интиқол хоҳанд дод ва ҳукуматро ба даст хоҳанд гирифт.
Паймони НАТО ҳам таъкид кард, ки омодаи ҳамкорӣ бо мардум ва Шӯрои миллии гузори Либия аст, вале масъулияти асосӣ бар ӯҳдаи шӯро аст, ки бо риояти ҳуқуқи инсон ва мусолиҳа гузариши нармеро ба ҳукумати қонуниву фарогир фароҳам кунад.
Иттиҳодияи Аврупо ҳам ғайримустақим эътироф кард, ки раҳбарони нави Либия дар иҷрои ин меъёрҳо ба мушкилоте рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, вале ваъда дод, ки ҳамеша омода аст, дар анҷоми ислоҳоти лозим дар Либия ба Шӯрои миллии гузор кӯмак кунад. Аксарияти онҳое, ки доир ба дурнамои хуб дар Либия шубҳа доранд, ба табиати қабиласолории ин кишвар таъкид мекунанд, ки гӯиё барои таъсиси давлати муттаҳид мушкилсоз аст.
Аммо Ричард Далтон, сафири собиқи Бритониё дар Либия мегӯяд, ин тасаввури хато аст. Ба гуфтаи ӯ, дар масъалаи қабиласолорӣ дар Либия набояд муболиға кард, зеро дар ин кишвар мардум аввал ба кишвар ва хонаводаҳои худ содиқанд: "Ба андешаи ман агар авзоъ дигарбора бад шавад ва беҳокимиятӣ ба вуҷуд биёяд, дар он ҳолат баъзе аз мардум шояд ба қабилаҳо ба ҳайси раҳбар
нигоҳ кунанд, аммо ба андешаи ман чунин чизе иттифоқ нахоҳад афтод. Ба бовари ман, имкон дорад, ки мардуми Либия дар атрофи усулҳое, ки Шӯрои миллии гузори Либия эълом кардааст, муттаҳид шаванд."
Шӯрои миллии гузори Либия дар Қонуни асосии муваққат Либияро “кишвари мустақили демократӣ хондааст, ки бо иродаи мардум идора мешавад.” Ислом ҳам дини расмии Либия эътироф шудааст ва шариат ҳам бояд манбаъи усулии қонунҳо бошад.
Ричард Далтон, сафири собиқи Бритониё дар Либия мегӯяд, мухолифон дар Либия имконоти баробаре бо Мисру Тунис дорад, ки ин ду кишвар ҳам дар ҳоли гузариш ҳастанд: "Ба андешаи ман дурнамои демократия дар Либия ба андозаи Тунис ва Миср хуб аст, вале ин чиз ба осонӣ муяссар нахоҳад шуд ва ба зудӣ нахоҳад омад. Инҷо фарҳангест, ки бояд риоят шавад, фарҳанги мушорикати демократӣ, гирифтану додан, фарҳанги пазируфтани натиҷаи интихобот ва пазируфтани андешаҳои мухолиф ва мо интизор дорем, ки баъзе аз талотумҳое хоҳад буд. Вале дар ниҳоят мардуми Либия муддати тӯлонӣ ҳукумати баде дошт ва онҳо медонанд, ки роҳи беҳтари мудирияти кишварашон вуҷуд дорад. Ва онҳо аз пешрафти мураттаб дар ҳамсоякишварҳояшон илҳом мегиранд, аз ин рӯ ман хушбинам."