Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми телевизионии Башор Асад


Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар як паёми телевизионӣ гуфт, нирӯҳои амниятӣ дар амри фурӯ нишондани ошӯбҳои панҷмоҳа даст ба пешрафтҳое ёфтаанд. Ӯ гуфт, давлаташ дигар бо хатари суқут рӯбарӯ нест. Бо ин ҳол, Асад ҳолати ҷангӣ кардани ин ошӯбҳо дар ҳафтаҳои охирро эътироф кард, вале гуфт, вазъ таҳти назорат аст. Башор Асад аммо даъватҳои давлатҳои хориҷӣ ба истеъфояшро “беарзиш” номида, радд кард. Ӯ бори дигар қасди роҳандозии ислоҳот дар Сурияро такрор кард ва гуфт, кумитаи таҳқиқи ислоҳот ба дастикам 6 моҳи дигари кор ниёз дорад. Ӯ гуфт, интихоботи парлумонӣ шояд дар моҳи феврали соли оянда доир шавад.
Дар ҳамин ҳол, як ҳайъати СММ ба хотири баррасии вазъи башарӣ дар пайи саркӯбии эътирозҳое, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, то 2000 кушта ба ҷо гузошт, вориди Димишқ шудааст.
XS
SM
MD
LG