Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Либия ба Троблус кӯчид


Бино ба хабарҳо, сокинони маҳаллӣ парчамҳои чирикиҳо дар даст ба хотири истиқбол аз онҳо ба кӯчаҳо рехтаанд.

Телевизиони бритониёии Sky news наворҳоеро аз Троблус намоиш дод, ки дар он издиҳом бо нидои “Оллоҳ Акбар!” аз корвони чирикиҳои роҳии маркази пойтахти Либия истиқбол мекарданд. Гузоришгари ин шабака мегӯяд, ки чирикиҳо алакай дар тақрибан 8-километрии маркази Троблус қарор доранд ва чирикиҳо ба Sky news гуфтаанд, ки онҳо дар роҳи пойтахт ба муқовимати ҷиддие рӯбарӯ нашудаанд. Ассошиэйтед Пресс ахиран хабар дод, ки чирикиҳо дар фосилаи ҳамагӣ 3 километр аз маркази Троблус қарор доранд.

Қаблан чирикиҳо як пойгоҳи низомиро дар канори Троблус таҳти назорати худ дароварда аз он ҷо силоҳу муҳимоти фаровоне ба даст оварданд. Ин пойгоҳи низомӣ дар 27-километрии ғарби Троблус, дар роҳи байни Зовия ва пойтахти Либия воқеъ аст.

Рӯзи якшанбе сухангӯи чирикиҳо Абдуллоҳ Мелитон гуфт, чирикиҳо дар ҷараёни амалиёти махфие, ки аз пойгоҳи онҳо дар Мисрота оғоз шуд, аз роҳи баҳри Миёназамин ба Троблус роҳ ёфтаанд.

Шоҳидон дар бораи дар панҷаи оташи тӯпхонаҳову мушакҳои нирӯҳои раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ва чирикиҳои таҳти ҳимояти паймони НАТО қарор доштани Троблус дар тӯли рӯзи якшанбе хабар медиҳанд. Мақомоти НАТО дирӯз ҳушдор доданд, ки ба далели тағйири зуд-зуди ҷабаҳоти ҷанг тадқиқи аҳдофи ҳамалоти ҳавоии ин паймони низомӣ торафт мушкилтар мешавад. Сухангӯи Қаззофӣ аммо ин паймонро айбдор кард, ки ба хотири кумак ба пешрафти чирикиҳо ба сӯи ин шаҳри, ба таъбири ӯ, “осоишта” мизони ҳамалоти ҳавоияшро бештар кардааст.

Абӯбакри Троблусӣ, яке аз сухангӯёни чирикиҳо ба Ал-Ҷазира дар бораи дар як рустои атрофи Троблус асир уфтодани ду писари Муаммар Қаззофӣ – Сайфулислом ва Саъд хабар дод. Сиддиқ Ал-Кабир, намояндаи Шӯрои миллии гузор дар Троблус баъдан бидуни ифшои ҷузъиёт боздошти танҳо Сайфулисломро таъйид кард. Вале ин иддао аз ҷониби манобеъи дигар ҳанӯз тасдиқ ё радд нашудааст.

Макони худи Қаззофӣ ҳанӯз маълум нест, вале ӯ дирӯз дар як паёми ҷадиди садоӣ, ки тавассути телевизион пахш шуд, бори дигар гуфт, ки таслим нахоҳад шуд, балки аз набардҳо барои Троблус “ғолиб” берун хоҳад омад.

Аммо раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ аз Қаззофӣ даъват кардааст, “қудратеро, ки дар даст дорад, билофосила таслим кунад”, чунки, ба эътиқоди оқои Саркозӣ, бо пирӯзии чирикиҳо анҷом ёфтани ҷанги Либия “дигар ҷои шубҳа надорад.” Паймони НАТО низ режими Қаззофиро дар ҳоли наздик ба фурӯпошӣ ба қалам дода гуфтааст, ки ӯ бояд дигар идрок кунад, ки ҷангро бурда наметавонад.

Амрико аз Шӯрои миллии гузор – ниҳоди олии чирикиҳои Либия даъват кард, ба барномарезии даврони баъд аз Қаззофӣ шурӯъ кунад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд гуфт, “рӯзҳои Қаззофӣ ба шумор мондаанд ва агар Қаззофӣ саодати мардуми Либияро мехоҳад, бояд ҳамин ҳоло истеъфо диҳад.”
XS
SM
MD
LG