Ин ҳамла, ки дару девор ва фарши масҷидро аз хуни инсон рангин кард, дар минтақаи қабиланишини Хайбари ҳаммарз бо Афғонистон ҳангоми таробеҳи рӯзи ҷумъаи 19-уми август, дар моҳи барои мусулмонон муқаддаси Рамазон ба вуқӯъ пайваст ва гуфта мешавад, бомбгузор як писарбача буд.
Намояндаи ҳукумати маҳаллӣ Холид Мумтоз Кандӣ гуфтааст, бино ба шуморишҳои ахир 121 нафар захмӣ шудаанд ва ними онҳо дар бемористон зери назари пизишконанд.
Бомбгузори маргталаб замоне худро мунфаҷир кард, ки зиёда аз 500 намозгузор барои намози таробеҳ ба масҷид омада буданд. Ин видео лаҳзаҳои баъд аз инфиҷор бардошта шудааст:
Як намояндаи начандон машҳури ситезаҷӯён, ки худро Муҳаммад Талҳа меномад, эълом дошт, ки масъулияти ин ҳамла бар дӯши гурӯҳи умумии ошӯбгари Таҳрики Толибони Покистон аст. Вай афзуд масҷид ба мардуми қабилаи кукихейл мансуб аст ва “онҳо бо мо дар ҳоли ҷанганд.” Талҳа таҳдид кард, "сарнавишти ҳар қабилае, ки бо мо вориди ҷанг мешавад, чунин хоҳад буд."
Сарони қабилаи кукихейл низ бар инанд, ки мухолифати онҳо бо Толибон сабаби чунин ҳамла шудааст.
Иёлоти Муттаҳида ва Созмони Милал бомбгузории худкушона дар як масҷиди Покистонро, ки 48 кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷой гузошт шадидан маҳкум карданд.
Таркиши террористии рӯзи ҷумъа дувумин ҳамлаи маргбор дар як моҳи охир буд, ки дар ин минтақа ба вуқӯъ мепайвандад. 13-уми май аз инфиҷорҳои паёпай дар назди тамрингоҳи полис дар наздикии Пешовар 98 нафар кушта шуданд.