Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гувоҳидиҳандагон мегӯянд, Усмонов бо Таҳрир иртибот надорад


Урунбой Усмонов (аз чап)
Урунбой Усмонов (аз чап)
Дирӯз дар зиндони шумораи 2 шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳии Урунбой Усмонов-хабарнигори Би Би Си дар вилояти Суғд баргузор шуд. Дар ҷараёни мурофиа чаҳор нафар гувоҳидиҳандагон гуфтанд, ки Усмонов бо Ҳизбуттаҳрир робита надорад. Ин чаҳор нафар низ шахсоне мебошанд, бо иттиҳоми узвият дар Ҳизбуттаҳрир мисли Усмонов дар мурофиа ширкат доранд ва узвияти онҳо собит шудааст. Худи онҳо низ узвияташонро дар ҷараёни мурофиа эътироф кардаанд. Гувоҳидиҳандагон гуфтанд, ки дар бораи иртиботи Усмонов бо Ҳизбуттаҳрир ва ё таблиғи ақидаҳои ин ҳизб аз тарафи Усмонов хабаре надоранд. Идомаи мурофиаи додгоҳӣ 23 август дар назар дошта шудааст. Би Би Си ва созмонҳои байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки ҳар гуна иртиботи Усмонов бо Ҳизбуттаҳрир бо фаъолияти рӯзноманигории вай вобаста аст на бо узвият дар ин ҳизб.
XS
SM
MD
LG