Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки нави ИМА ба Тоҷикистон барои таъмини амният


Кеннет Гросс-сафири Амрико дар Тоҷикистон
Кеннет Гросс-сафири Амрико дар Тоҷикистон
Кен Гросс - сафири Амрико дар Тоҷикистон ва Саймумин Ятимов - раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иловаҳо ба мувофиқатномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Амрикоро роҷеъ ба назорат бар маводи мухаддир ва ҳамкории ниҳодҳои интизомӣ имзо карданд. Тибқи ин илова ҳукумати Амрико барои ислоҳот дар ниҳодҳои интизомӣ, беҳбуди фаъолияти низоми додгоҳӣ ва харидории таҷҳизот 7 миллион доллар кӯмаки иловагӣ дар ихтиёри Тоҷикистон хоҳад гузошт. Тибқи хабари сафорати Амрико дар Душанбе, аз ин маблағ ҳамчунин Ожонси назорат бар маводи мухаддир низ барои мубориза бо қочоқи ин мавод истифода хоҳад кард. Аз соли 2003 ба ин сӯ дар чаҳорчӯбаи мувофиқатномаи мазкур Амрико 41 миллион доллар ба Тоҷикистон кӯмак кардааст.
XS
SM
MD
LG