Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 фаъоли ҳуқуқ дар Алмаато барои 5 рӯз боздошт шуданд


Полис Арман Ожабаевро мебарад
Полис Арман Ожабаевро мебарад
Ду нафар аз фаъолони ҳуқуқи башари Қазоқистон 5 рӯз дар боздошт нигоҳ дошта мешаванд. Онҳо барои дархостҳояшон ба хотири озод кардани вакили мудофеи коргарони эътисобгари нафт боздошт шуда буданд. Арман Ожабаев ва Дмитрий Тихонов аз ҷумлаи афроде буданд, ки рӯзи чаҳоршанбе, 17 август барои тазоҳурот дар назди дафтари ҳизби ҳокими Нур-Отан дар Алмаато боздошт шуданд. Онҳо дар даст шиор доштанд ва дар он чунин навишта шуда буд: “Коргарони нафти Қазоқистон ғулом нестанд", “Наталия Соколоваро озод кунед”. Соколова вакили мудофеи коргарони эътисобгари нафт аст, ки барои “шӯрандозии коргарони нафт” шаш сол маҳкум ба зиндон шудааст.
XS
SM
MD
LG