Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои авфи хабарнигори қазоқро рад карданд


Давлати Қазоқистон тақозои авфи як хабарнигорро рад кард, ки се соли пеш бо гуноҳи ишфои сирри давлатӣ ба зиндон маҳкум шудааст. Рамазон Йесергепов, сардабири ва муассис ҳафтаномаи “Алмаато Инфо” соли 2009 барои нашри мақолае зиндонӣ карданд, ки гӯё дар он дар бораи иртиботи тоҷирон бо Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон сухан рафтааст. Ҳамсари хабарнигор Равшан Йесергепов ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, кумиссиёни авф бо баҳонаи “ислоҳ накардани рафтори нодурусташ” дар зиндон, рӯзи сешанбе дархости авфи ин хабарнигорро рад кардааст. Ба зиндон кашидани Рамазон Йесергеповро дорои ангезаҳои сиёсӣ хондаанд.
XS
SM
MD
LG