Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарпечии Юшенко аз шоҳидӣ дар мурофиаи Тимошенко


Виктор Юшенко, раисиҷумҳури пешини Украина
Виктор Юшенко, раисиҷумҳури пешини Украина
Раисиҷумҳури пешини Украина Виктор Юшенко барои шоҳидӣ дар мурофиаи додгоҳии нахуствазири собиқ Юлия Тимошенко дар додгоҳи Печераи шаҳри Киев сарпечӣ мекунад.

Ба гуфтаи додрас Родион Киреев, намояндагони Юшенко сарпечии ӯро бо он омил марбут кардаанд, ки раисиҷумҳури пешин дар хориҷи кишвар аст ва барои дар мурофиа қироат шудани баёноти пешинааш пойфишорӣ дорад.

Қарор аст, ки имрӯз дар мурофиаи додгоҳӣ вазири маводи сӯхт ва энерҷии Украина Юрий Бойко шоҳидӣ бидиҳад.

Юлия Тимошенко дар берунравӣ аз ваколат зимни имзои созиши хариду фурӯзши газ бо Русия айбдор мешавад. Аз 5 август ба ин сӯ нахуствазири собиқ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG