Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БҶ: "Аз сохтмони марҳилаи аввали Роғун худдорӣ кунед"


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун (Акс аз бойгонӣ)
Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун (Акс аз бойгонӣ)

Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, то поёни ташхиси тарҳи “Роғун” аз сохтмони марҳилаи аввали он худдорӣ бишавад.

Ин бонк, ки барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун мусоидат мекунад, ба давлати Тоҷикистон тавсия додааст, ки дар бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш шитоб накунад.

Гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ баъд аз ошноӣ аз маҳалли нерӯгоҳ ва ошноӣ бо натиҷаҳои пажӯҳишҳои муқаддамотӣ дар мавриди тарҳи нерӯгоҳи Роғун, гуфтаанд, тавсия намедиҳанд, ки ҳукумат ба иҷрои марҳилаи аввали тарҳ, яъне бунёди садди 120- метрӣ дар рӯдхонаи Вахш шурӯъ кунанд, зеро регу санге, ки рӯдхона меорад, бисёр зиёд аст.

Айни замон, ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, гурӯҳи коршиносон мувофиқат кардаанд, то арзёбии ҳаматарафаи фанниву иқтисодӣ ва таъсироти иҷтимоиву зистмуҳитии тарҳи нерӯгоҳи Роғун бо садди бузурги бештар аз 300-метриаш анҷом дода шавад. Вале барои ин арзёбиҳо ба камияш ним сол ва ё ҳашт моҳ зарур будааст.

Тавсияи гурӯҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, бар хилофи пешбиниҳои давлати Тоҷикистон аст, ки қасд дошт, моҳи ноябр маҷрои Вахшро бубандад. Давлати Тоҷикистон, ки бунёди нерӯгоҳи Роғунро масъалаи ҳаёту мамот барои кишвар хондааст, соли гузашта мувофиқат кард, то таъсироти зистмуҳити тарҳи азими нерӯгоҳи Роғунро гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ арзёбӣ кунанд.

Давлати Узбакистон, ки аз мухолифони сарсахти ин тарҳ аст, мегӯяд, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун бо садди баланди 335-метрӣ, киштзорҳои васеи он беоб хоҳад монд, иддаое, ки давлати Тоҷикистон рад мекунад.

Рӯдхонаи Вахш, ки Роғун дар он сохта мешавад, яке аз рӯдхонаҳои муҳиме дар минтақа аст, ки кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ низ аз он баҳра мебаранд. Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба тавсияи ахири Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди шурӯъ накардан ба бардоштани садди 120-метрӣ то кунун вокуниш нишон надодааст.

Бо ин ҳол, Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, раванди бозрасии фанниву молӣ ва зистмуҳитии тарҳи “Роғун” идома дорад ва қарор аст, то ҳашт моҳи дигар ин таҳқиқот анҷом ёбад.

Тоҷикистони ташнаи нерӯи барқ, ки дар тӯли 6 моҳи фасли сармо ва оғози баҳор ба камбуди шадиди барқ рӯбарӯст, эҳдоси нерӯгоҳи Роғунро барои худ ҳаётан муҳим медонад. Вале кишварҳои поёноб, бахусус Узбакистон, ба тарҳи Роғун мухолифат варзида мегӯянд, сохта шудани ин нерӯгоҳ боис ба камбуди об барои майдонҳои кишт шуда, вазъи зистмуҳитиро низ метавонад хароб кунад.

Мақомоти Узбакистон дар машварат бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ гуфтаанд, тарҳи нерӯгоҳи Роғун бар хилофи муқаррароти байналмилалӣ таҳия шудааст. Барои бунёди Роғун маҳалли ба истилоҳ ларзонаке интихоб кардаанд, ки хатари заминларзаҳоро меафзояд, намак дар таркиби обро зиёд мекунад.

Дар сурати коҳиши маҷрои об ба гуфтаи коршиносони ӯзбак, солона Узбакистон бар асари табоҳшавии заминҳои кишт бештар аз 4 миллиард доллар ва бар асари маҳви олами набототу ҳайвонот 146 миллион доллар зиён мебинад. Дигар ин ки коршиносони Узбакистон, ки тақрибан 20 сол аз ҳаққи дидани Роғун маҳрум будаанд, бисёр мехоҳанд, ба чашми худашон нерӯгоҳро бубинанд.

Зимнан, иқтидори нерӯгоҳи Роғун 3 600 мегават буда баландии садди он 335 метрро ташкил хоҳад дод. Ба гуфтаи мутахассисон, дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ, Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG