Шӯрои амнияти СММ авоили моҳи сентябр дар Сомалӣ нишасти махсус дар робита ба кӯмак ба ин кишварро доир мекунад. Намояндаи Шӯрои амният имрӯз гуфт, ки дар ин нишаст нақшаи мушаххаси амал дар бахшҳои башарӣ ва амниятӣ барои як соли оянда таҳия мешавад.
Дар ҳамин ҳол дирӯз Созмони Милал аз тафтиши далелҳои яғмои оммавии кӯмаки башарӣ, қабл аз ҳама, маводи озуқа барои Сомалӣ хабар дод. Бар асари гуруснагӣ дар Сомалӣ, ки паёмади хушксолии бесобиқа дар солҳои ахир аст, даҳҳо ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
Аз аввалҳои солҳои 90-уми қарни гузашта ягон ҳукумат дар Сомалӣ ба назорати комили қаламрави кишвар муваффақ нашудааст.