Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо фурӯши "шорт"селлингӣ"-и саҳомро манъ мекунад


Танзимкунандагони бозорҳои Иттиҳоди Аврупо эълом доштанд, ки чаҳор кишвари ин эътилоф шеваи фурӯши гарон ва хариди арзони саҳмияҳоро, ки бо номи short-selling машҳур аст, муваққатан манъ карданд, то нооромӣ дар бозорҳо ба поён расад. Ин тарзи тиҷорат фурӯши саҳомеро дар назар дорад, ки фурӯшанда соҳиби онҳо нест ва биноан бо нархи арзон ба фурӯш гузошта, худ онҳоро харидорӣ мекунад. Баъдан ҳангоми боло рафтани нарх онҳоро мефурӯшад. Тасмими ахир нигарониҳоеро дар бобати бадтар шудани вазъи қарзи Аврупо ва ояндаи иқтисодиёти ҷаҳон ба миён овардааст. Мақомоти аврупоӣ мегӯянд, short-selling дар Фаронса, Италия, Испания ва Белгия мамнӯъ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG