Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишор ба режими Башор Асад сангинтар мешавад


Дипломатҳо дар Шӯрои амнияти СММ мегӯянд, дар бораи авзои Сурия иттилои нигаронкунанда гирифтаанд.

Аъзои Шӯрои амният рӯзи чаҳоршанбе дар як ҳамоиши пӯшида гузориши ёвари Дабири кулли Созмони Милал, Оскар Фернандез Таранкоро шуниданд ва дар мавриди хабарҳои Сурия табодули назар карданд.

Пас аз поёни ҷаласа сафири Британия дар Созмони Милал, Филип Парҳам ба хабарнигорон гуфт, бино ба маълумоти дар ин ҳамоиш гирифтаи ӯ, наздик ба 2000 шаҳрванди Сурия кушта ва қариб 13000 нафар аз тарафи ҳукумати Сурия боздошт шудаанд. Вай афзуд, Шӯрои амнияти Созмони Милал метавонад, аз ҳоло “иқдомҳои баъдӣ”-и пас аз суқути режими Сурияро баррасӣ кунад.

Сафири Амрико дар Созмони Милал, Сузон Райс гуфт, Вошингтон ҳоло бар ин аст, ки президент Асад аз мақомаш барканор шавад. Вай афзуд, бо идомаи саркӯбгариҳои хунин
Сузон Райс, сафири ИМА дар Созмони Милал.

Асад қонунмандии ҳокимияти худро аз даст додааст. Аммо сафири Сурия дар Созмони Милали Муттаҳид Башор Ҷаъфар иттилоеро, ки дар ҷаласаи паси дарҳои бастаи Шӯрои амният матраҳ шуд “носаҳеҳ” номида, маҳкум кард ва вазъи Сурияро ба ошӯбу даргириҳои охири Британия монанд кард.

Ҳарчанд дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милал тасмими муайяне дар робита ба хушунатҳои Сурия иттихоз нагардид, коршиносон онро як аломати муҳим мешуморанд ва бар инанд, ки фишори байнулмилалӣ ба режими Башор Асад ба маротиб бештар хоҳад гашт. Дар ҳоли ҳозир, аз кишварҳои Ғарб, Иёлоти Муттаҳида пешгоми афзоиши фишор ба Димишқ аст.

Сухангӯи раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, мегӯяд, Кохи Сафед ончиро, ки президенти Сурия, Башор Асад ба мардуми худ раво мебинад, “бо ваҳшат” дунбол мекунад. Ҷей Карнӣ гуфт, Обама мутмаин аст, ки Сурияи бидуни Асад ба маротиб беҳтар хоҳад буд ва Иёлоти Муттаҳида нақша дорад, фишорро ба ҳукумати Сурия идома диҳад, то он саркӯби хунини шаҳрвандони ислоҳотхоҳи хешро қатъ кунад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳукумати Амрико таҳримҳои наверо зидди Сурия эълом доштааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, Виктория Нуланд гуфт: “Вазорати молия имрӯз бастаи нави таҳримҳоро эълом дошт. Мо Бонки тиҷоратии Сурия ва Бонки тиҷоратии Сурияву Лубнон ва ҳамчунин бузургтарин ширкати телефонҳои ҳамроҳи Суриятелро ҳадафи таҳрим қарор додем.”

Туркия ҳам аз ҷониби худ ва ҳам бо дархости Иёлоти Муттаҳида раисиҷумҳур Асадро ҳушдор дод, ки дар ҳоли идомаи хушунатҳо ба вокуниши ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад гашт. Ин паём аз тарафи вазири умури хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу ба Башор Асад расонда шуд ва гуфтугӯи онҳо дар Димишқ зиёда аз ду соат идома кардаву зоҳиран бенатиҷа ба поён расидааст.

Хабаргузориҳо мегӯянд, Асад мӯътаризонро аносири террористӣ ва ҷиноӣ номида, гуфтааст, муборизаи поккории онҳро идома хоҳад дод.

Навори видеои даргириҳо дар Дор-ул-зур як пойгоҳи дигари мухолифони Асад дар расонаҳои ҷаҳон паҳн шуд, ки бар асари зарбаҳои тӯпхонаи артиши Сурия манори масҷиди ҷомеи ин шаҳр тахриб мешавад.

Сурия. Фурӯпошии бурҷи масҷид аз зарбаи тӯп
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:58 0:00
Линки мустақим

Ин рӯйдод эҳтимолан эътирози бештари кишварҳои исломиро ба бор хоҳад овард. Бе ин ҳам Арабистони Саудӣ, Кувейт ва Баҳрайн аввали ҳафта ба нишони эътироз сафирони худро аз Димишқ фаро хонданд. Лигаи кишварҳои араб дар як изҳорот амалкардҳои давлати Башор Асадро маҳкум намуд ва ба қатъи хунрезиҳо дар Сурия даъват кард.
XS
SM
MD
LG