Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шеваи нави табобати лейкемия натиҷаҳои мусбат дод


Пажӯҳишгарони амрикоӣ мегӯянд, шеваи нави муолиҷа, яъне ба кушандаи саратон табдил додани ҳуҷайраҳои лимфоситии инсон дар як сол се нафарро аз бемории лейкемия наҷот дод. Доктор Карл Ҷюн, мутахассиси шифои генетикӣ дар Донишгоҳи Пенсилвания гуфт, ражӯҳишгарон дар ҳайрат афтоданд, ки ин шева тавонист саратонро муолиҷа кунад. Аммо ӯ ҳушдор дод, ки таҷрибаҳои бештаре бояд анҷом шавад, зеро аз оғози истифодаи тарзи нави табобат ҳамагӣ як сол гузаштааст. Дар гузашта танҳо муолиҷаи кимиёӣ ва табодули ҳуҷайраҳои осебдида роҳи раҳоӣ аз саратон шумурда мешуд.
XS
SM
MD
LG