Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амри Медведев ба имзои қарордоди марзӣ бо Душанбе


Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҷиҳати имзои созишномаи ҳамкориҳои марзии Русияву Тоҷикистон амр додааст. Дар фармони Медведев гуфта мешавад, ки ӯ пешниҳоди Хадамоти федеролии амнияти Русияро ҷиҳати имзои ин қарордод мепазирад ва бар ин аст, ки ин созишномаи ҳамкорӣ бояд дар сатҳи олӣ имзо шавад. Мақомоти Душанбе қаблан гуфта буданд, ки созишномаи ҳамкориҳои марзӣ ғолибан моҳи сентябри соли равон зимни сафари Медведев ба Душанбе ба имзо хоҳад расид, вале алорағми иддаои расонаҳои русӣ, бозгашти нирӯҳои марзбонии Русия ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро дар назар надорад.
XS
SM
MD
LG