Пайвандҳои дастрасӣ

Хушунат ва ғоратгарӣ пойтахти Британия ва ба камияш се шаҳри дигари онро фаро гирифтааст.

Бар иловаи Лондон ошӯбҳо дар Бирмингҳем, Ливерпул ва Бристол сар задаанд. Ин асари бетартибиҳои умумист, ки чанд минтақаи Лондонро фаро гирифта, даргириҳо бо полис, тирандозӣ ва сӯхторро ба ҳамроҳ дошт.

Дар Лондон ошӯбҳо шаби шанбе пас аз тазоҳуроти зидди қатли як ҷавон дар тирандозии полис сар шуд. Полис мегӯяд, 200 нафарро боздошт кардааст.

Сарвазири Британия Дейвид Камерон эълом дошт, ки истироҳати тобистонаи худро қатъ карда, ба Лондон баргашт ва имрӯз ҷаласаи изтирории ҳукуматро сарварӣ хоҳад кард ва дар он шеваи бархӯрд бо ошӯбҳо баррасӣ хоҳад шуд. Полис ба дастаҳои футбол дастур додааст, бозиҳоро то эътидоли авзоъ ба таъвиқ гузоранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG