Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон: Моҳи саховат ё тангдастӣ?


Агар аз як сӯ тафси ҳаво мардумро азият диҳад, аз сӯи дигар ҷаҳиши нарх зиндагиро дар Рамазон мушкилтар кардааст.

Бино бар солшумории ҳиҷрӣ моҳи Рамазон ин бор низ ба гармтарин фасли сол рост омад. Ҳаво нимирӯзӣ то 50 дараҷаи селтсия мерасад ва худдории мардум аз обу ғизо сангинтар мешавад.
Рамазон моҳи саховат ва дасткушодӣ низ шумурда мешавад, аммо ба одати ҳарсола табдил ёфтани ҷаҳиши нархҳо мумкин аст, муқаддасоти онро дар зеҳни аҳолӣ ба ҳирсу нафс ва тангдастию сахтиҳо олуда гардонад...


Рӯзадорон аз ташнагӣ ба соҳили дарёву ҳавзҳо мераванд ва худро ғарқи оби хунук мекунанд. Ду соли охир дар байни мардум овозаҳое паҳн гаштааст, ки гӯиё уламои ислом барои сабук кардани вазъи рӯзадорон фатво додаанд, ки нӯшидани то 250 грамм об дар фасли гармо ба рӯза осеб намерасонад.

Агар аз як сӯ тафси ҳаво мардумро азият диҳад, аз сӯи дигар ҷаҳиши нархи маводи ғизоӣ зиндагиро дар моҳи Рамазон мушкилтар кардааст. Ҳар сол дар Рамазон тоҷирон нархномаҳоро иваз мекунанд. Шиори онҳо на танҳо «нархи озоди бозори озод» аст, балки аксарият бино бар масали «бардорад, зам кун» амал мекунанд.

Дар моҳи Рамазон аҳолӣ ғизои бештар мехарад. Одамон барои пойдории рӯзаи 15-соата талош мекунанд бештар ғизои қавӣ истеъмол намоянд. Афзоиши талабот ба ғизо сабаби ҷаҳиши қиматҳо мешавад, ҳарчанд ин ҳам ҳаст, ки худи тоҷирон бо истифода аз тамоюли аҳолӣ ба ғизо нархҳоро боло мебаранд.

Рамазон, моҳи рӯза ва озмоиш
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:11 0:00
Линки мустақим


Дар нахустин рӯзҳои моҳи Рамазон бо мақсади пешгирӣ аз ҷаҳиши нархҳо шаҳрдори Душанбе аз тоҷирон даъват кард, ки ба ҳаннотӣ роҳ надиҳанд. Маҳмадсаид Убайдуллоев раисони 22 бозори пойтахтро ҷамъ оварда, ваъдаи онҳоро гирифт, ки ба иҷрои ин тақозо назорат хоҳанд кард. Ҳамчунин раиси шаҳр дастур дод, барои мушоҳидаи нархҳо ва раванди иҷрои ваъдаи бозордорон, ҳайатҳои махсуси нозир ташкил дода шавад.

Нархҳои баланди моҳи Рамазон боз як бори дигар, дар арафаи иди Рамазон болотар хоҳанд рафт. Ва ҳам дар Тоҷикистон одат шудааст, ки агар нархе як бор боло рафт, дигар поин намешавад. Ин дар ҳолест, ки Рамазон моҳи саховат ва дасткушодӣ низ шумурда мешавад, аммо ба одати ҳарсола табдил ёфтани ҷаҳиши нархҳо мумкин аст, муқаддасоти онро дар зеҳни аҳолӣ ба ҳирсу нафс ва тангдастию сахтиҳо олуда гардонад.
XS
SM
MD
LG