Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Бан Кӣ Мун ба наздикии нерӯгоҳи Фукушима


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз аз шаҳри шимолии Фукушимаи Ҷопон дидан ва бо мақомоти ин шаҳр ва мардуми маҳалҳои осебдидаи атрофи нерӯгоҳи вайроншудаи атомӣ гуфтӯгу кард. Бан Кӣ Мун, яке аз мақомоти олирутбаи хориҷист, ки ба наздикии нерӯгоҳи Фукушима рафтааст, ки дар заминларзаи рӯзи 11 сентябр ва сунамии баъди он, гирифтори фалокат шуд. Қарор аст, ӯ имрӯз бо Наото Кан, нахуствазир ва Такеакӣ Матсумото, вазири умури хориҷаи Ҷопон, мулоқот дидор кунад. Бан Кӣ Мун дар гузашта хостори меъёрҳои сахттари амниятӣ дар нерӯгоҳҳои барқи атомӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG