Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни тоҷику ҳинд мавзӯъи фурудгоҳро баррасӣ намекунанд


Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳор намуд, ки дар ҷараёни сафари муовини раиси Ситоди нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Ҳиндустон Кишен Кумар Наҳор ба Тоҷикистон мавзӯъи истифодаи фурудгоҳи Айнӣ аз сӯи низомиёни ҳинд баҳсу баррасӣ нахоҳад шуд.

Кишен Кумар Наҳор дар садри як ҳайати низомӣ барои анҷоми сафари дурӯза 11 август вориди шаҳри Душанбе мешавад.

Давлат Назрӣ ба хабаргузории Азия плюс гуфтааст, дар ҷараёни сафари ҳайати ҳинд мавсоили ҳамкориҳои низомӣ, ҳарбиву техникӣ ва таҳсили ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои низомии Ҳинд баррасӣ хоҳад шуд.

Фурудгоҳи Айнӣ дар 25 километрии ғарби шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, чанд рӯз пеш дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар мавзӯъи иҷораи фурудгоҳи Айнӣ фақат бо Русия музокирот мекунад.

Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки хоки Тоҷикистон ба ҳеҷ кишвар ройгон барои иҷора дода намешавад.
XS
SM
MD
LG