Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми боздошти Тимошенко содир шуд


Акс аз бойгонӣ
Додгоҳи Украина рӯзи 5 август ҳукми ҳабси сарвазири пешини ин кишвар Юля Тимошенкоро содир кард. Муҳокимаи парвандаи Тимошенко дар робита ба қарордодҳои газе, ки ӯ соли 2009 бо Русия имзо карда буд, ҳанӯз идома дорад. Ин парванда зоҳиран метавонад боиси ихроҷи хонум Тимошенко аз майдони сиёсӣ ва ҳатто чанд сол ҳукми зиндонаш шавад. Тимошенко аз раҳбарони инқилоби норанҷии соли 2004 буда, интихоботисоли гузаштаи раёсатҷумҳуриро ба Виктор Янукович бохт. Тимошенко мегӯяд, парвандааш натиҷаи интиқоми Янукович барои фаъолиятҳои сиёсии ӯст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG