Тибқи ин гузориш, 75 дарсади ҳамлаҳои даҳшатафканон ба чор кишвар: Сомалӣ, Покистон, Афғонистон ва Ироқ рост меояд.
ШУМОРАИ ҲАМЛАҲОИ ТЕРРОРИСТӢ АФЗУДААСТ
Дар ин пажӯҳиш, ки World Terrorist Index , яъне шохиси саросарии террористӣ ном дорад, 20 кишвар ба гурӯҳи экстремалӣ дохил шудаанд, ки ба қавли муаллифон, дар ин кишварҳо эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ хеле бузург аст. Дар ин гурӯҳ, кишварҳое шабеҳи Русия, Эрон, Исроил, Нигерия ва Ҳиндустон шомиланд.
Маркази пажӯҳишии Мейплкрофт, ки қароргоҳаш дар шаҳри Лондон мебошад, ин таҳқиқотро бар пояи гузоришҳои марказҳои зиддитеррористии саросари олам таҳия кардааст.
Муаллифон навиштаанд, ки эҳтимол ҳамлаҳои пайравони созмони террористии Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб ва
шимоли Африқо афзоиш ёбад. Ҳамчунон дар ин пажӯҳиш таъкид шудааст, шояд ҳаводорони Ал-Қоида дар Покистон ҳамлаҳои даҳшатафканона раҳандозӣ кунанд, ки қассосгирӣ аз куштори Усома бин Лодин – раҳбари ин созмони террористӣ мебошад.
Сухангӯи пажӯҳишгоҳи Мейплкрофт Ҷейсон Макгеовн(Jason Mc Geown) мегӯяд, ки вазъи Афғонистон ҳатто дар миёни гурӯҳи фавқулодда боиси ташвиш аст: “Бубинед, 75 дарсади ҳамлаҳои террористӣ ба чор кишвари аввал: Сомалӣ, Покистон, Афғонистон ва Ироқ рост меояд. Дар як соли гузашта шумораи ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон 15 дарсад бештар шудааст.”
Макгеовн хотирнишон мекунад, ки дар давраи таҳқиқот, бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар саросари олам 13492 кас ба қатл расид. Аз ин байн 1385 нафар дар Сомалӣ, 2163 нафар дар Покистон, 3423 нафар дар Афғонистон ва 3465 каси дигар дар Ироқ кушта шудаанд.
МАҚОМИ 41-УМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШОХИСИ ТЕРРОР-2011
Аз сухангӯи пажӯҳишгоҳи Мейплкрофт пурсидам, ки вазъи Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Макгеовн гуфт: “Тоҷикистон дар ҷои 41-ум аст, яъне эҳтимоли ҳамла болои ин кишвар дар сатҳи поин қарор дорад. Тибқи ченакҳои мо, Тоҷикистон аз 5 то 7,5 хол касб кардааст.”
Барои муқоиса бояд гуфт, ки дар ин ченак Тоҷикистон дар байни Британия, ки дар ҷои 38 - ум аст ва Фаронса, ки дар макони 45-ум ҷойгир мебошад, қарор дорад. Дар ин кишварҳо эҳтимоли ҳамла зиёд нест.
Макгеовн ба ин пурсиш, ки чаро ва бар пояи чӣ ҳодисае Тоҷикистонро дар макони 41-ум ҷой додаанд мегӯяд: “Бар асари як ҳамла дар ин ҷумҳурӣ ду кас ба ҳалокат расидааст. Кишварҳои зиёдеро метавон ном бурд, ки дар он ягон ҳамлаи террористӣ ба вуқӯъ напайвастааст. Барои муқоиса ба шумо мегӯям, ки соли гузашта дар Афғонистон 3470 ҳамлаи террористӣ қайд шуда буд. ”
Ҳамсӯҳбатам аз тафсилоти бештар худдорӣ кард, зеро пажӯҳиши онҳо дар дастрасии умумӣ нест ва он ба ҷонибҳои манфиатдор бар ивази маблағ тақдим мешавад. Барои тоҷикистониён шояд ташхиси ин ҳамлаи террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон душвор набошад. Моҳи сентябри соли гузашта, маргталаби савори мошин, ба идораи полиси шаҳри Хуҷанд ҳамла карда худ ва як ходими идораи полисро ба ҳалокат расонд.
НОРВЕГИЯИ ОРОМ НООРОМ ШУД
Дар гузориши пажӯҳишгоҳи Меплкрофт, Норвегия дар ҷои 112-ум аст, яъне эҳтимоли ҳамла тақрибан вуҷуд надорад. Вале 22-июл дар ин кишвари ороми аврупоӣ, бадбини мусулмонон Андерс Брейвик дар Осло ва як ҷазираи канори пойтахти Норвегия камаш 77 нафарро ба қатл расонд.
Дар ин бора Макгеовн мегӯяд: “Ҳамлаи Норвегия баъди анҷоми таҳқиқот ба вуқӯъ пайваст ва он шомил нест, вагарна Норвегия дар чунин мақом ҷойгир намешуд. Аслан мо саъй мекунем, тарзи таҳқиқотро беҳбуд бахшем.”
Зимнан баъди куштори дастаҷамъӣ дар Норвегия, шореҳони зиёде ба гурӯҳҳои пажӯҳишгар машварат доданд, ки таҳдиди гурӯҳҳои исломиро аз ҳад зиёд муроқибат накунанду бештар ба хатари ҳамлаҳои пайравони гурӯҳҳои ростгарои ғарбӣ тамаркуз намоянд.