Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе 307 000 тонна орду гандум ворид кардааст


Тоҷикистон тайи нимаи аввали соли ҷорӣ 307 000 тонна орду гандум ворид кардааст. Ҷамъи ҳазинаи сарфшуда барои харидории 167 000 тонна гандум ва 140 000 тонна орд 106,7 миллион доллар баровард мешавад. Тоҷикистон дар сол тақрибан ба 1,5 миллион тонна орд ниёз дорад, ки то 700 000 тоннааш аз хориҷ ва умдатан аз Қазоқистон ворид карда мешавад. Тайи нимаи аввали соли ҷорӣ ҳосили гандум дар худи Тоҷикистон 362,5 000 тонна шудааст. Мақомот мегӯянд, ҷамъи ҳосили солонаи ғалладона дар Тоҷикистон имсол низ болиғ аз 1 миллион тонна хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG