Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғоне дар либоси полис сарбози НАТО-ро парронд


Нируҳои ISAF дар Афғонистон
Нируҳои ISAF дар Афғонистон
Нируҳои НАТО дар Афғонистон мегӯянд, як марди афғон дар либоси полиси ин кишвар сарбози нируҳои НАТО-ро дар шарқи кишвар ҳадафи тир қарор додааст. Нируҳои Байналмиллалии Кӯмаки Амниятӣ дар бораи ин ҳодиса ҷузъиёт надодаанд ва дар бораи миллияти ин сарбоз чизе нагуфтаанд. Дар ҳодисаи дигаре дар инфиҷори мошини бамгузоришуда дар шаҳри Қундуз як афсари боломақоми амниятии Афғонистон кушта шудааст. Шимоли Афғонистон дар муқоиса бо манотиқи ҷанубии ин кишвар оромтар буд, вале як силсила ҳамлаҳои ахир нигарониҳоро аз вазъи амниятӣ ба бор овардааст.
XS
SM
MD
LG