Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарёсолор Маллен саркӯбиҳо дар Сурияро маҳкум кард


Дарёсолор Майк Маллен
Дарёсолор Майк Маллен
Дарёсолор Майк Маллен- раиси ситоди муштараки нируҳои мусаллаҳи Амрико дар ҷараёни боздидаш аз Ироқ роҷеъ ба вазъи Сурия изҳори назар ва хушунат дар ин кишварро маҳкум кард. Вай гуфт:

“Бо эҳтиром ба Сурия мо хушунатро маҳкум мекунем ва хушунат ҳар чӣ зудтар бояд боздошта шавад”.

Имрӯз Италия низ сафирашро аз Сурия барои машварат фаро хонд ва гуфт, режими Сурия “аҳолиро сахт зери фишор гирифтааст”. Дар изҳороти вазорати корҳои хориҷаи Италия омадааст, ин кишвар аз ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо хоҳад хост, сафирони худро аз Сурия фаро хонанд, зеро президент Башор Асад саркӯбии тазоҳуркунандагонро бештар кардааст.
XS
SM
MD
LG