Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муллоҳо дар бозорҳои Душанбе нархро поин мебаранд?


Шаҳрдории Душанбе мехоҳад аз имомхатибони масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи пойтахт истифода кунад, то онҳо нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳоро дар давоми моҳи рамазон поин баранд. Дар ин бора Шавкат Саидов-сухангӯи шаҳрдорӣ ба “Азия Плюс” хабар додааст. Онҳо бояд дар бозорҳои шаҳр дар миёни тоҷирону фурӯшандагон корҳои таблиғотӣ анҷом диҳанд. Гузашта аз ин, як гурӯҳи намояндагони Маҷлиси шаҳрӣ вазъ дар бозорҳо ва вуруди маҳсулот ба бозорҳоро хоҳанд омӯхт.
XS
SM
MD
LG