Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамроҳхон Зарифӣ ба Туркманистон рафт


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, бо сафари дурӯза ба Туркманистон рафтааст. Давлат Назрӣ, масъули дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба "Озодӣ" гуфт, ин сафари Ҳамроҳхон Зарифӣ бо супориши раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат мегирад. Қарор аст дар ин сафари худ ба Туркманистон ҷаноби Зарифӣ бо раисиҷумҳури Туркманистон - Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон - Рашид Мередов, муовинони Раиси Девони Вазирон - Боймурод Хоҷамуҳаммедов (соҳаи нафту газ), Шагулиев Назаргулӣ (нақлиёт ва алоқа), Дерягелди Оразов (энергетика ва сохтмон) гуфтугӯ бикунад. "Ҳадаф аз ин сафар рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бознигарӣ кардани он тавоқномаҳое ҳаст, ки аз ин пеш ду давлат ба даст оварда буданд",-гуфт Давлат Назрӣ.
XS
SM
MD
LG