Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳангу ҳунар -- роҳи муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳон


Дар ин рӯзҳо дар бинои СММ дар Ню-Йорк намоиши осори наққошӣ ва аккосии ҳунармандони тоҷик идома дорад.

Муаллифон Леонид Хушвақтов ва Нозим Қаландаров дар ин осори худ бештар манзараҳои Тоҷикистон, аз ҷумла рӯдхонаҳову кӯҳистонҳои Тоҷикистонро ба намоиш гузоштаанд ва намоишгоҳ низ “Тоҷикистон-кишвари кӯҳҳо ва обҳо” ном дорад.

Ин намоишгоҳро намояндагии Тоҷикистон дар СММ ташкил кардааст ва мегӯяд, ҳадаф аз ташкили намоишгоҳ ба даст овардани суди молӣ нест. Бо назардошти ин аз Cироҷиддин Аслов-намояндаи Тоҷикистон дар СММ дар Ню-Йорк мепурсам, пас чунин намоишгоҳ барои Тоҷикистон ё муаллифон чӣ аҳамият дорад?

Сироҷиддин Аслов: Дар СММ ҳар кас мехоҳад кишвари худро бо роҳе ба тамоми дунё муаррифӣ созад. Дар ин созмон 193 кишвар аъзо ҳаст ва дар миёни ин кишварҳо яке пешрафта аст, яке рӯ ба тараққӣ аст ва кишварҳои камбизоат низ ҳаст. Намояндаи ҳар кишваре мехоҳад кишвари худро ҳар чӣ зиёдтар дар ин ҷо муаррифӣ кунад. Лекин муаррифӣ кардан на танҳо бо баргузор кардани рӯзҳои ҷашни миллӣ, маърака барпо кардану муаррифӣ сохтан аст, чунки моҳияти он камтар аст. Вале бо чунин роҳҳо, яъне намоишгоҳҳо ё ин, ки дар ягон масъалаи байналмиллалӣ мисли ин, ки мо Тоҷикистон дар масъалаи об ин ҷо пешвои ҳамаи қатъномаҳои Маҷмаи Умумӣ ҳастем, бо ҳамин роҳҳо бисёр кишварҳо бештар ва беҳтар кишвари худро муаррифӣ сохта метавонанд.



Суол: Чӣ зарурате ҳаст, ки СММ бар иловаи он масъулиятҳое, ки дар кори худаш дар чаҳорчӯбаи СММ дорад, ин гуна намоишгоҳҳо ташкил мекунад?

Сироҷиддин Аслов: Ҳар кас мушкиле дорад. Ҳамин мушкилро мехоҳанд аз тариқи намоишгоҳу дигар чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ ба дигарон расонад. Вақте, ки мо дар масъалаи об кор мебарем, ин ҷо қатъномаҳоро пешниҳод мекунем, баъзеҳо намефаҳманд. Мо дар ҳақиқат захираҳои бузурги обӣ дорем. Намоишгоҳу дигар чорабиниҳои фарҳангие, ки мо аз тариқи он мехоҳем ба мардуми дунё расонем, ки бинед мо чӣ қадар захираҳои об дорем. Мо нафт надорем, газ надорем, вале ҳар касе, ки об дорад, бойтарин кишвар аст, зеро имрӯз зиёда аз як миллиард нуфузи дунё оби ошомиданӣ надоранд. Баъд аз соли 2050 шояд нисфи кишварҳои дунё бо мушкилоти хеле бади обӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Мо барои чӣ кишвари худро нишон медиҳем? Мо бори дигар ба мардуми дунё мехоҳем бигӯем, ки бинед, Тоҷикистон дар ҳақиқат хонаи об аст.

Суол: Чун дар Ню-Йорк дар шаҳре, ки мақари СММ ва намояндагии Тоҷикистон воқеъ аст, шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон иқомат мекунанд, намояндагии Тоҷикистон дар ин созмон як навъ намояндагии онҳо ҳам ба шумор меравад. Оё шумо бо ин шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам сару кор доред, маҳфилҳои муштарак баргузор мешавад ва онҳоро як ҷо ҷамъ мекунед?

Сироҷиддин Аслов: Бале, мо солҳои охир ҳама вақт шаҳрвандони худро даъват мекунем, ҳатто донишҷӯёне, ки дар ин ҷо мехонанд ва ҳатто ҳамватанони мо, ки аз ҷамъияти яҳудиёни бухорӣ ҳастанд, бо онҳо чорабиниҳои худро мегузаронем. Онҳо ҳам ин пешниҳодҳои моро истиқбол мекунанд. Мисол, имсол дар ҷашни Наврӯз вазири фарҳанги Тоҷикистон ба СММ омад ва мо аксари ҳамватанонро дар бинои СММ даъват карда Наврӯзро як ҷо бо дигар кишварҳо ҷашн гирифтем.
XS
SM
MD
LG