Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афроди мусаллаҳ фармондеҳи шӯришиёни Либияро куштанд


Абдулфаттоҳ Юнус
Абдулфаттоҳ Юнус
Раҳбари шӯришиёни Либия гуфтааст, Абдулфаттоҳ Юнус-фармондеҳи нируҳои шӯришиёни Либия ва ду нафар аз ёронаш шоми рӯзи ҷумъа ба дасти мардони мусаллаҳ ба қатл расидаанд. Куштори Абдулфаттоҳ Юнусро дар Бенғозӣ-маркази шӯришиён Мустафо Абдулҷалил-раҳбари Шӯрои Миллии Гузори Либия дар як нишасти хабарӣ эълон кард. Вай ба хабарнигорон гуфт, раҳбари гурӯҳе, ки дар паси ин куштор қарор дорад, ба ҳабс гирифта шудааст. Сабаби дақиқи ин куштор то ҳол рӯшан нашудааст. Абдулфаттоҳ Юнус вазири пешини корҳои дохилаи кобинаи Муаммар Қаззофӣ буд, ки моҳи феврал дар оғози муборизаҳои зидди режими Қаззофӣ ба шӯришиён пайваст.
XS
SM
MD
LG