Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи шӯришиёни Либия кушта шуд


Абдул Фаттоҳ Юнус
Абдул Фаттоҳ Юнус

Куштори фармондеҳи аршади ошӯбгарони Либия Абдул Фаттоҳ Юнус мармӯз боқӣ мондааст.

Шоми дирӯз раиси Шӯрои миллии интиқолӣ Мустафо Абдул Ҷалил нишасти хабарии оҷил даъват намуд ва дар бораи кушта шудани фармондеҳи аршад хабар дод.

НОРӮШАНИҲОИ ҚАТЛИ РАҲБАРИ ОШӮБГАРОН

Абдул Фаттоҳ Юнус ба амалиёти ошӯбгарон алайҳи нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ раҳбарӣ мекард. Хабаргузории Рейтер иттилоъ дод, ки рӯзи чаҳоршанбе фармондеҳро барои ширкат дар ҷаласаи комиссиюни вижа ба Бенғозӣ даъват карданд. Ин комиссиюн иттиҳомеро тафтиш мекунад, ки гӯё фармондеҳ бо режими Муаммар Қаззофӣ ҳамкорӣ мекард ва “бозии дугона”-ро мебурд.

Ва аммо ҳанӯз қабл аз шурӯъи ҷаласа Юнус ҳадафи тири афроди мусаллаҳ қарор гирифт. Дар ин ҳодиса ду ёвари фармондеҳ – афсарони воломақом ҳам кушта шудаанд.

Абдул Фаттоҳ Юнус то замони пайвастан ба сафи ошӯбгарон, вазири умури дохилии Либия буд.

Раиси Шӯрои миллии ошӯбгарон Мустафо Абдул Ҷалил гуфт, як нафари дар куштори фармондеҳи аршад ширкатдошта боздошт шудааст. Баъд аз соате, Шӯрои миллӣ дар куштори фармондеҳи аршади ошӯбгарон ҷонибдорони Муаммар Қаззофиро муттаҳам намуд.

Ва аммо ҷузъиёти ҳодиса пушти пардаи асрор боқӣ мондааст ва то ҳанӯз суолҳое, ки оё воқеъан фармондеҳ бо Қаззофӣ ҳамкорӣ мекард ва чӣ гуна афроди Қаззофӣ тавонистанд дар пойтахти ошӯбгарон - Бенғозӣ Абдул Фаттоҳ Юнусро террор кунанд, беҷавобанд. Зимнан, ҳанӯз маълум нест, ки ин террор воқеъан аз сӯи ҷонибдорони Муаммар Қазофи амалӣ шудааст ва ё аз сӯи худи ошӯбгарон?

ЛИБИЯ ВА ДАРДИСАРҲОИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Куштори Абдул Фаттоҳ Юнус дар ҳоле содир шуд, ки мавзӯъи бӯҳрони Либия аъзои Шӯрои амнияти Созмони милалро дар ду ҷониби сангар қарор дод. Баҳси тунд баъд аз суханронии сафири Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ Басо Сангкю ба амал аст, ки кишварҳои пуштибон аз ошӯбгаронро аз поймолсозии эҳтимолии қатъномаи Шӯрои амнияти СММ ҳушдор дод. Ба гуфтаи ӯ, дар низоъи дохилӣ аз як ҷониб пуштибонӣ кардан метавонад паёмади нохуш дошта бошад.

Ҳушдори дипломат аз ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ посух ба изҳороти ҳукумати Бритониё буд, ки тасмим гирифтааст ба хотири кӯмак ба ошӯбгарони Либия ҳисобҳои мунҷамидшудаи ҳукумати Муаммар Қаззофиро дубора фаъол кунад. Яъне миллионҳо доллари ҳукумати Тробулс дар ихтиёри ошӯбгарон қарор мегиранд. Мақомоти Бритониё тасмими худро бо рабт додаанд, ки онҳо Шӯрои миллии ошӯбгаронро чун ҳукумати расмии Либия эътироф намудаанд.

Аз ин пештар чанд кишвари узви Шӯрои амнияти СММ Паймони НАТО-ро барои он танқид карданд, ки дар низоъи дохилии Либия ҷониби як тарафро мегирад ва ба ошӯбгарон кӯмак мерасонад.
XS
SM
MD
LG