Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти сарбози машкук дар канори пойгоҳи Форт Ҳуд


Пойгоҳи низомии Форт Ҳуд
Пойгоҳи низомии Форт Ҳуд
Дар наздикиҳои пойгоҳи низомии Форт Ҳуди аёлати Техаси Амрико сарбози фирорӣ Носир Абдо дастгир шуд.

Ба иттилоъи Бюрои федеролии тафтишот, дар ҳуҷраи ӯ дар меҳмонхона силоҳ ва мавод барои тайёр кардани бомб ошкор ва мусодира гардид.

Гуфта мешавад, ки дар бораи пайдо шудани шахси ношиносу машкук дар наздикиҳои пойгоҳи низомӣ сокинони маҳаллӣ хабар додаанд. Бар пояи хабарҳо, Носир Абдо худсарона ҷойи хизматаш - пойгоҳи низомӣ дар аёати Кентуккиро тарк намудааст.

Соли 2009 бар асари тирандозии як табиби ҳарбӣ дар пойгоҳи Форт Ҳуд 13 нафар ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG