Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти пушти саҳнаи демократҳо бо ҷумҳурихоҳон


Ҷон Бейнер
Ҷумҳурихоҳон ва демократҳои аршади Амрико пушти парда рӯи муомилае кор мекунанд, ки аз расвоии молии ин кишвар пешгирӣ кунад. Раҳбари ҷиноҳи демократҳо дар Сенат Ҳаррӣ Рейд, раиси Маҷлиси намояндагон Ҷон Бейнер ва раҳбари ҷиноҳи ҷумҳурихоҳон дар Сенат Митч МакКоннел дар ин музокирот ширкат доранд. Бейнер аз вакилони ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагон хостааст, ки аз тарҳи коҳиши будҷаи Амрико ва афзоиши лимити қарзҳо пуштибонӣ кунанд. Агар Амрико лимити қарзашро то 2 август аз 14,3 триллион доллари феълӣ болотар набарад, метавонад дучори дефолт шавад. Вазорати молияи Амрико гуфтааст, рӯзҳои наздик барномаи амал дар сурати чунин расвоиро ироа хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG