Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатми бойкот ё навоҳои Риҳард Вагнер дар Олмон танинандоз шуд


Як оркестри исроилӣ ба раҳбарии дирижери маъруф Дениэл Баренбойм эҷодиёти Риҳард Вагнер - оҳангсози маҳбуби Адолф Ҳитлерро имрӯз дар Олмон, дар як ҷашнвораи бонуфузи мусиқӣ иҷро кард.

Дар давоми ҳафтод соли охир иҷрои оҳангҳои Вагнер дар Олмон ба хотири ақоиди зиддияҳудии ӯву замоне илҳомбахши Ҳитлер будани оҳангҳояш табу буд. Ҷонатан Ливнӣ, раиси ҷамъияти дӯстдорони эҷодиёти Вагнер дар Исроил дар сӯҳбат аз шаҳри Байройти Олмон чунин гуфт:

“Ин як лаҳзаи таърихӣ буд. Оркестри Исроил дар Байройт нишон дод, ки фарҳангу ҳунар бемарзу ҳудуд ва болотар аз масъалаҳои сиёсӣ ҳастанд. Сиёсат набояд ба ҳунару фарҳанг дахолат кунад”.

Ҳунарнамоии оркестри Исроил дар 100-умин солгарди ҷашнвораи мусиқии шаҳри Байройти Олмон, ки ба эҷодиёти Вагнер ихтисос дорад, баргузор шуд
XS
SM
MD
LG